Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай Амрикоро барои боздоштани кӯмакҳо интиқод кард


Ҳомид Карзай
Ҳомид Карзай
Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон Амрикоро муттаҳам кард, ки кӯмакҳои низомиро муттафаққиф сохтааст, то ба вай фишор орад, ки қарордоди амниятиро имзо кунад. Дар эъломияе, ки шоми рӯзи якшанбе ба нашр расид, гуфта мешавад, ки “қатъи таъмини сӯзишворӣ ва қатъи кӯмак ба бахшҳои дигари артишу пулиси Афғонистон ба маънои фишор аст, то Афғонистон дар ин қарордод имзо кунад.

Ҳафтаи гузашта Карзай аз Вашингтон тақозо кард, ки барои оғози музокира бо Толибон кӯмак кунад ва низомиёни Амрико то имзо шудани қарордод амалиёти низомиро дар маҳаллоти аҳолинишин боздоранд.

Қарордоди низомии миёни Амрикову Афғонистон баъд аз хуруҷи нируҳои байналмиллалӣ аз Афғонистон то поёни соли 2014 мақоми ҳуқуқии нируҳои Амрикоро муайян мекунад.
XS
SM
MD
LG