Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гулнора боз ба хоҳараш аз Twitter ҳамлаи лафзӣ кардааст


Гулнора Каримова
Гулнора Каримова
Гулнора Каримова-духтари калонии Ислом Каримов бори дигар барои ҳамлаи шахсӣ ба хоҳараш Лола сафҳаи Twitter-и худро истифода кардааст. Гулнора дар твитҳои худ дар рӯзҳои истироҳат навиштааст, ки Лола хеле сарватмандтар аз он аст, ки маҷаллаи "Bilan"-и Шветсария дар натиҷаҳои як назарпурсиҳои худ навишта буд.

Лола ин хабарро рад кардааст ва навиштааст, ки вай ва шавҳараш сарватмандтарин ҷуфти Шветсария ба шумор намераванд. Аммо Гулнора дар сафҳаи Twitter-и худ навиштааст, ки маҷаллаи "Bilan" ҳамаи дороӣ ва сарвати Лоларо ҳисоб накардааст ва Лола дар Амрикову Дубай низ ба арзиши миллионҳо доллар сарват дорад.

Гулнора то ҳол хоҳарашро барои мушкилоти дохилӣ, ки хонаводаи онҳоро домангир аст, муттаҳам кардааст.
XS
SM
MD
LG