Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқот бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон


Рӯзи 3-юми декабр бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб мусобиқоти баскетбол ва тенниси рӯи миз байни варзишгарони имконияти зеҳниашон маҳдуд баргузор мешавад.

Дар ин бора ба радиои Озодӣ Дилбар Шарифова, раҳбари Special Olympics ё Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон, хабар дод.

Дилбар Шарифова, раҳбари Special Olympics
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:53 0:00
Линки мустақим

Вай афзуд: “Дар ин мусобиқот, ки дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва пойтахти кишвар баргузор мешавад, беш аз 200 нафар варзишгарони маълул ширкат хоҳанд кард. Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон аз соли 1995 фаъолият мекунад ва беш аз 20 ҳазор варзишгари маълулро дар бар мегирад, ки онҳо аз рӯи 24 намуди варзиш машқ мекунанд. Варзишгарони мо ҳамасола дар мусобиқоти мухталифи байналмилалӣ, Олимпиадаи махсус, ки дар чор сол як маротиба барпо мегардад, ширкат мекунанд. Имсол варзишгарони маълули тоҷик дар Олимпиадаи махсуси ҷаҳонии зимистона дар шаҳри Пёнгчанги Куриёи Ҷанубӣ чаҳор медал ба даст оварданд. Файзиддин Тӯраев дар лижаронӣ дар навъи пойгаи классикӣ ба масофаи 500 метр мақоми аввалро соҳиб шуд ва бо медали тилло сарфароз гашт. Ҳусейн Хоҷаев дар ин навъи рақобатҳо ба масофаи 100 метр ғолиб омад ва ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон медали дувуми тилло овард. Фарида Назарова ва Анастасия Пинкова дар мусобиқаи лижаронӣ миёни занон соҳиби медалҳои нуқра гардиданд. Инчунин моҳи ноябри соли равон варзишгарони мо дар Бозиҳои Авруосиёӣ дар Люксембург дар риштаи тенниси майдонӣ 1 медали тилло, 1 нишони нуқра ва 1 медали биринҷӣ ба даст оварданд.»

Бояд тазаккур дод, Олимпиадаи махсус ин ҳаракати ҷаҳониест, ки ба ташкилу баргузории чорабиниҳои тарбияти баданию тандурустӣ барои шахсони имконияти зеҳниашон маҳдуд машғул аст.
XS
SM
MD
LG