Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти шаҳр ба сохтмони нотамоми як бинои баландошёна дубора иҷозат дод


Мақомоти шаҳри Душанбе иҷозат додааст, ки корҳои сохтмонии як бинои истиқоматии 14-ошёна дар кӯчаи Шоҳтемури ноҳияи Исмоили Сомонӣ дубора фаъол шавад.

Гулчеҳра Саломова, яке аз саҳмгузорони ин сохтмон рӯзи 2-уми декабр ба радиои Озодӣ гуфт, ки ҳукумати шаҳри Душанбе барои идомаи сохтмони бинои 14-ошёна иҷозат дод ва хатти нерӯи барқро дар он сохтмон фаъол кардаанд.

Сохтмони ин бино чор моҳ қабл рӯзи 24-уми августи соли равон аз тарафи мақомоти шаҳри Душанбе қатъ карда шуд ва хатти барқ ба ин сохтмон низ бурида шуд ва бо ҳамин кори сохтмон нотамом монда буд.

Қатъ шудани сохтмони ин бино дар маркази пойтахт даҳҳо нафар сокинонро, ки дар сохтмони ин бино саҳм доштанд ва соҳиби манзил мешуданд, дар ташвиш гузошт.

Фармоишгари бино Мавлуда Бобоева дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» қаблан гуфта буд, ки пеш аз оғози сохтмон дар соли 2011 вай қарори раиси шаҳрро дар бораи иҷозаи сохтмон гирифта будааст ва ҳамаи ҳуҷҷатҳо дуруст будаанд ва 95 дарсади сохтмон дар ин бино анҷом дода шудааст.

Қаблан замони қатъ кардани сохтмони ин бино гуфта мешуд, ки гӯё бо амри президент ин бинои истиқоматӣ ба ихтиёри порлумон гузошта мешудааст, вале то кунун на саҳмгузорон ва на мақомоти шаҳр сабаби аслии қатъ шудани сохтмон дар ин бино ва дубора иҷозат додани сохтмон дар онро шарҳ намедиҳанд.

Аммо баъзе аз саҳмдорон мегӯянд, ки замони қатъ шудани сохтмон дар ин бино онҳо ба унвони президенти кишвар номаи расмӣ навишта буданд. Баъд аз анҷоми корҳои сохтмонӣ дар ин бинои 14-ошёна 120 оила соҳиби манзил хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG