Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳургарон ҳукумати Киевро ишғол кардаанд


Раҳбари Ҳизби Озодӣ, як ҳизби мухолифи давлат дар Украина, мегӯяд, ки аъзои ҳизби ҳизби ӯ ба нишони эътироз аз имзо нашудани аҳдномаи ҳампаймонӣ бо Иттиҳодияи Аврупо, қароргоҳи ҳукумати шаҳри Киевро ишғол кардаанд. Олег Тияҳнибок, рӯзи якшанбе зимни суханронӣ дар ҳузури даҳҳо ҳазор тазоҳургар дар Киев гуфт, ки аъзои ҳизбаш ҳукумати Киевро ишғол кардаанд. Ӯ ҳамчунин мардумро ба коршикании саросарӣ даъват кард. Гузоришҳои телевизионӣ нишон доданд, ки тазоҳургарон дар назди кохи раиси ҷумҳур ҷамъ шуда ва ба маъмурони пулис муқовимат мекунанд. Ба гуфтаи хабаргузории Итар Тасс, тазоҳургарон бинои Иттифоқҳои Касабаи Украинаро ишғол кардаанд. Бино ба гузоришҳо ҳудуди 100 ҳазор нафар дар тазоҳурот дар шаҳри Киев ширкат доранд. Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина рӯзи ҷумъаи гузашта, аҳдномаи деринтизори ҳампаймонӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро имзо накард ва хашми тарафдорони ҳамоиш бо ин иттиҳодияро барангехт.
XS
SM
MD
LG