Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бомбгузоре дар Ироқ 10 нафарро кушт


Дар Ироқ як бомбгузори маргталаб дар маросими ҷанозае бомби бо худ доштаашро тарконд ва дасти кам 10 нафарро кушт. Мақомоти Ироқ гуфтанд, ҳодиса дар наздикии шаҳри ноороми Бақуба ба вуқӯъ пайвастааст ва дар натиҷа 20 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Бомбгузор маросими дафни писари яке аз қабиласорони шинохтаро ҳадаф гирифтааст, ки ба ҳукумат дар мубориза бо Ал-Қоида кӯмак мекард. Ҳеҷ кас масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст, вале ҳалқаҳои марбут ба Ал-Қоида дар Ироқ дар гузашта раҳбарони суннимазҳаби ҳамкори ҳукумати шиъамазҳаби ин кишварро ҳадаф гирифтаанд. Соли равон дар Ироқ бештар аз 6 ҳазор нафар кушта шудаанд, ки хунрезиҳои муноқишаҳои мазҳабӣ дар солҳои 2006-2007 дар ин кишварро мемонад.
XS
SM
MD
LG