Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҷоизаи "Зеботарин голи сол" насиби кӣ хоҳад шуд?


То кунун маълум нест, ки барандаи ҷоизаи FIFA Puskás Award-2013 барои зеботарин гол, кӣ хоҳад буд.

Аммо як голи хотирмони ҳамлавари дастаи Шведсия Златан Иброҳимович ба дарвозаи мунтахаби Бритониё, ҳамакнун тавваҷҷуҳи мухлисон ва доваронро ба худ ҷалб кардааст. Иброҳимович дар бозӣ миёни мунтахаби футболи кишвараш бо Бритониё дар таърихи 14-уми ноябри соли 2012, ин голи зеборо вориди дарвозаи дастаи меҳмон карда буд.

Ҷоизаи ФИФА (FIFA Puskás Award) ҷоизае аст, ки дар таърихи 20-уми октябри оли 2009 аз сӯи Зеп Блоттер, раиси ФИФА барои занандаи (мард ё зан) беҳтарин голи (зеботарин ва қобили таваҷҷуҳтарин) соли ҷаҳон таъйин гардид. Номи ин ҷоиза ба ифтихори Ференс Пускас, бозингари даста шикастнопазири Маҷористони даҳаи 1950 интихоб шудааст.

Аввалин барандаи ин ҷоиза Кристиано Роналдо буд, ки дар таърихи 21-уми декабри соли 2009 ба ин ҷоиза даст ёфт. Ин ҷоизаро соли 2010 футболбози турк Ҳамид Алтитоп, соли 2011 бозигари бразилӣ Неймар ва соли гузашта Мирослав Стох, бозигари словакӣ ба худ ихтисос доданд.

Шартҳои ин гол ин аст, ки он бояд зебо бошад, масалан, зарба аз дурӣ бошад. Ҳамчунин аҳамияти бозӣ дар назар гирифта мешавад ва гол набояд бар натиҷаи иштибоҳи дастаи ҳариф вориди дарвоза шуда бошад ва он бояд бар асари як бозии ҷавонмардона ба самар расида бошад.


XS
SM
MD
LG