Пайвандҳои дастрасӣ

Дар идомаи эътирозҳои зидди ҳукуматӣ дар Украина, се ҳизби аслии мухолифон аз тарафдорони худ хостаанд, ки рӯзи якшанбе ба тазоҳуроти худро идома диҳанд.

Се ҳизби сиёсӣ дар Украина, ки умедворанд, ки даҳҳо ҳазор нафар ҷонибдори мухолифон дар эътирозҳои зидди ҳукуматӣ ширкат мекунанд. Рӯзи шанбе мухолифон хостори истеъфои далват ва баргузории интихоботи қабл аз вақт шуданд. Мухолифон мегӯянд, дар пайи ташкили як "нерӯи муқовимати миллӣ" алайҳи раиси ҷумҳур ва давлати он кишвар ҳастанд.

Тазоҳургарони украинӣ баъд аз он ба майдонҳо рехтанд, ки Виктор Янукович, аҳдномаи деринтизори ҳампаймонӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро ин ҳафта имзо накард. Тазоҳурот бомдоди рӯзи якшанбе дар шаҳри Киев бо ҳамлаи нерӯҳои вижаи пулис рӯбарӯ шуд ва ба хушунат печид. Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина аз иқдоми пулис ибрози норозӣ кард.

Гуфтугӯҳои раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо бо раиси ҷумҳури Украина дар ҳошияи нишасти "Ҳамкориҳои шарқӣ", ки дар пойтахти Литва -раиси давраии Иттиҳодияи Арупо дар ҷараён буд, низ ба натиҷа нарасид. Парлумони Украина ҳафтаи гузашта дар иқдоми ногаҳонӣ тасвиби паймони ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро ба таъхир андохт. Украина қарор буд дар ҷараёни ин нишасти Иттиҳодияи Аврупо тарҳи маҷмуаи ҳамкориҳоро имзо кунад, аммо ногаҳон эълом шуд, ки давлати Украина назари худро дигар карда ва ба ҷои он созишномаҳои тиҷорӣ бо Маскавро дунбол хоҳад кард.

Эътирозгарон рӯзҳои гузашта дар Киев шиори "Украина Аврупост" сар медоданд, ки ба маънии ҳимояти онҳо аз раванди наздикии он кишвар бо Иттиҳодияи Аврупост. Аммо ин эътирозҳо бегоҳии ҷумъа бо партоби гази ашковар ба сӯи тазоҳургарон ва бомдоди шанбе бо задухӯрд бо нерӯҳои пулис анҷомид. Гуфта мешавад, ки даҳҳо нафар дар пайи ин даргириҳо бо пулис, захмӣ шудаанд.

Аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолифи давлат аз эътирозгарон хостаанд, ки тазоҳуроти навро дар майдони марказии Киев баргузор кунанд, зеро пулис майдони "Истиқлол"-и он шаҳрро, ки қаблан дар он ҷо эътироз карда буданд, масдуд шудааст. Виталий Кличко, мушзани машҳури украинӣ ва аз чераҳои саршиноси мухолифони давлат, рӯзи шанбе дар назди эътирозгарон гуфт, "мо бояд берун биёем ва ба онҳо (давлат) нишон диҳем, ки наметавонанд моро таҳқир кунанд, мо барои гирифтани ҳаққи худ хоҳем истод."

Кличко ҳамзамон хостааст, ки раиси ҷумҳури Украина аз мақомаш истеъфо диҳад. Юлия Тимошенко, нахуствазири собиқ ва зиндонӣ низ аз тарафдоронаш хостааст, ки то замони истеъфои Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина ба тазоҳурот идома бидиҳанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG