Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мухолифони Украина хостори истеъфои ҳукумат шуданд


Дар Украина баъди саркӯби бераҳмонаи тазоҳургарони тарафдори ҳамоиш бо Иттиҳодияи Аврупо, мухолифони давлат хостори истеъфои ҳукумат ва баргузории интихоботи зудрасти порлумонӣ ва раёсати ҷумҳурӣ шуданд. Мухолифон гуфтаанд, ки мардумро ба коршикании саросарӣ даъват мекунанд. Ба гузориши хабарнигорони Радиои Озодӣ, дар шаҳри Киев ҳангоми пароканда кардани тазоҳургарон аз майдони марказии шаҳр, даҳҳо нафар захмӣ шудаанд. Маъмурони пулис субҳи барвақт ин тазоҳургаронро бо калтак ва гази ашковар пароканда карданд, вале баъди ин ҳам 4 ҳазор тазоҳургар дар наздикии як калисои наздик ба маркази Киев ҷамъ омаданд. Юлия Тимошенко, нахуствазири собиқ ва зиндонӣ аз тарафдоронаш хостааст, ки то замони истеъфои Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина ба тазоҳурот идома бидиҳанд. Тазоҳургарони украинӣ баъд аз он ба майдонҳо рехтанд, ки Виктор Янукович, аҳдномаи деринтизори ҳампаймонӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро ин ҳафта имзо накард.
XS
SM
MD
LG