Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико қисме аз силоҳҳои кимиёии Сурияро маҳв мекунад


Созмони Байналмилалии Манъи Истифода аз Аслиҳаи Кимиёӣ мегӯяд, Иёлоти Муттаҳида изҳори омодагӣ кардааст, қисме аз кушандатарин захираҳои ин навъи аслиҳа дар Сурияро маҳв мекунад. Созмони мазкур рӯзи шанбе дар як баёнияи катбӣ гуфт, маҳви аслиҳаи кимиёии Сурия дар як киштии Иёлоти Муттаҳида ва ба эҳтимоли ғолиб дар Баҳри Миёназамин сурат мегирад. Баъди онки Албания дархост барои маҳви газҳои кушандаи Сурия дар қаламравашро рад кард, Созмони Байналмилалии Манъи Истифода аз Аслиҳаи Кимиёӣ дар ҷустуҷӯи кишварҳое буд, ки дар ин кор кӯмак кунанд. Ба гуфтаи созмон, то кунун 35 ширкат гуфтаанд, ки мойиланд дар маҳви он навъи аслиҳаи кимиёии Сурия, ки имкони дар таъсисоти маъмулӣ нобуд карданашон вуҷуд дорад, мадад расонанд. Баъди истифодаи газ зарин дар наздикии шаҳри Димишқ ва ҳалокати садҳо нафар, Сурия аз тарси ҳамлаи ҳавоии Иёлоти Муттаҳида гуфт, ки то нимаҳои соли 2014 тамоми анборҳои аслиҳаи кимиёиашро маҳв мекунад.
XS
SM
MD
LG