Пайвандҳои дастрасӣ

Нахуствазирони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай рӯзи ҷумъа қавл доданд, ки барои таҳкими нуфузи иқтисодии созмон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамкориҳояшонро тақвият медиҳанд.

Дар нишасти 12-уми нахуствазирони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, ки дар шаҳри Тошканд бо ҳузури намояндагони Тоҷикистону Чин, Русияву Узбакистон ва Қирғизистону Қазоқистон баргузор шуд, ҳозирони нишаст дар як баёнияи муштарак гуфтанд, ки кишварҳои узв бояд муколамаро бештар карда, ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоративу молӣ ва сармоягузориро густариш бахшанд, дар мақоми минтақаро дар иқтисоди ҷаҳонӣ боло баранд.

Ба қавли намояндагони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, бо вуҷуди берун омадан аз бӯҳрони байналмилалии молӣ ва идомаи эҳёи иқтисодӣ, ҳанӯз ҳам шабаҳи бӯҳрони мазкур дар иқтисоди кишварҳои узв дида мешавад. Ба гуфтаи нахуствазирон, зарур аст, ки ҳамаи кишварҳои узв барои рушди бештари иқтисодӣ, рушди ҳамкориҳо ва расидагӣ ба мушкилоти иҷтимоӣ ба мисли бекорӣ ҳамкорӣ кунанд, то дар ниҳоят, иқтисоди ҷаҳонӣ ба маҷрои устувори рушд ворид шавад. Русия ва бахусус Чин--ду узви аслии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай аз иқтисодҳои бузурги ҷаҳон ба шумор мераванд ва ҳар тағйироте дар иқтисоди Чин ба иқтисоди ҷаҳонӣ ҳам таъсир дорад.

Дар нишасти шаҳри Тошканд, нахуствазирон кори Шӯрои Тиҷоратӣ ва Иттиҳодияи Байнибонкии Созмони Ҳамкориҳои Шанхайро таъриф карда, вале аз ин ниҳодҳо хостаанд, барои иҷрои барномаҳои минтақавии иқтисодӣ, рушди устувори иқтисодиёт ва механизми ҳимояти сармоя дар қаламравҳои ҳамдигар аз наздик ҳамкорӣ кунанд.

Айни замон дар нишаст дар бораи масъалаи роҳҳои нақлиётӣ ва транзити молу коло сӯҳбат шудааст ва дар баёнияи нахуствазирони кишварҳои узв омадааст, ки бояд дар ин замина аз тамоми имконоти лозим истифода бурд. Дар ин миёни Тоҷикистону Узбакистон ду узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай пайваста мушкилот доштаанд ва таври маълум Узбакистон зуд-зуд роҳҳои транзитӣ ба самти Тоҷикистонро мебандад ва тоҷирони тоҷик убур аз қаламрави Узбакистон ба “пули сирот” монанд мекунанд.

Дар масоили амниятӣ нахуствазирони 6 кишвари узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ваъда додаанд, ки бо қочоқи молу мавод аз марзҳои ҳамдигар мубориза мебаранд ва ба фалокатҳои табии эҳтимолӣ дар минтақа ва ё қаламрави кишвари узв ва хуруҷи бемориҳои сироятӣ ҳамроҳ расидагӣ мекунанд.

Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, ки 15 июни соли 2001 дар шаҳри Шанхайи Чин таъсис шудааст ва Тоҷикистону Узбакистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Русияву Чин узви он ҳастанд. Афғонистону Эрон ва Ҳинду Муғулистон низ ба ҳайси кишварҳои нозир дар созмон қабул шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG