Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Ироқ дар як рӯз 51 нафар кушта шуданд


Дар силсилаи бомбгузориву ҳамлаҳо дар Ироқ дар рӯзи ҷумъа дасти кам 51 нафар кушта шуданд. Дар он рӯз мақомоти Ироқ дар як киштзоре дар наздикии шаҳри суннинишини Тармия ҷасади 18 мард, аз ҷумла ду қабиласолор, чаҳор маъмури пулис ва як афсар артишро пайдо карданд, ки дар сар ва қафаси синаашон осори тир доштаанд. Дар шарқи Бағдод ҷасади се занеро ёфтаанд, ки дар баданашон осори шиканҷа дида мешуд. Дар вилояти Салоҳуддин дар шимоли Бағдод ҷасади 7 марди дигарро бо ҳалқҳои бурида пайдо кардаанд. Дар ҳамлаҳои дигар дар шаҳрҳои Мосулу Бақуба ва Киркук 23 нафар ба ҳалокат расидаанд. Танҳо дар ҳамин моҳ дар Ироқ 600 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG