Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико таҳримоти сахт алайҳи Эронро нигаҳ медорад


Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, бо вуҷуди ҳосил шудани созиши аввалия дар мавриди барномаҳои атомии Эрон, таҳримоти сахт алайҳи ин кишвар ҳамчунон боқӣ мемонанд. Аммо айни замон Кохи Сафед рӯзи ҷумъа эълон кард, ки то 6 моҳи дигар таҳримот ба зидди Чину Ҳинду Куриёи Ҷанубӣ ва Туркияву Тайванро амалӣ намекунад, ки пойбандиашон ба нафти Эронро то кунун камтар кардаанд. Ҳукумати Амрико афзуд, зоҳиран дар бозори ҷаҳонӣ ба қадри кофӣ нафти кишварҳои дигар ҳаст, ки иҷоза медиҳад, хариди нафт аз Эрон камтар шавад. Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, гуфт, азми Амрико барои нигаҳ доштани таҳримоти сахт алайҳи Эрон нишон медиҳад, ки кишвараш то 6 моҳи дигар то замони ҳосил шудани созишномаи ниҳоӣ дар бораи рафъи бӯҳрони барномаҳои атомии Эрон таҳримоти хариди нафт аз ин кишварро лағв намекунад.
Ва дигар ин ки Ризо Наҷафӣ, намояндаи Эрон дар Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ, мегӯяд, бар асоси мувофиқа бо қудратҳои ҷаҳонӣ, кишвар аз моҳи январ ба боздоштани баъзе аз фаъолиятҳои атомиаш шурӯъ мекунад. Ризо Наҷафӣ гуфт, ки “баррасиҳои муқаддамотӣ” барои иҷрои тавофуқнома идома дорад. Бар асоси ин созиш миёни Эрону гурӯҳи 5+1, ки ба он Амрикову Чин, Русияву Фаронса ва Олмону Бритониё шомиланд, Эрон дар ивази сабуктар кардани баъзе аз таҳримот, ураниуми ғализ ҳосил намекунад, ки аз он метавон барои бомби атомӣ истифода кард. Эрон ҳамчунин захираҳои ураниуми 20 дар садиашро ба лӯлаҳои сӯхт табдил дода ва реактори оби сангини Арокро ба кор намеандозад.Қудратҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон мехоҳанд, пинҳонӣ силоҳи атомӣ бисозад, вале Теҳрон ин иддаоро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG