Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ширкати TeliaSonera кормандонашро аз кор барканор кард


Ширкати муштараки TeliaSonera-и Шветсияву Финландия се корманди бахши молии худ ва се нафари дигар аз мақомоти баландпояи иҷроиро аз кор барканор кард. Ин дар ҳолест, ки дар давоми як соли гузашта ба интиқоли пулҳо ва мувофиқатномаҳои ин ширкат бо ҳамкоронаш дар Евразия расидагӣ анҷом мегирад.

Мария Эрлинг-раиси TeliaSonera рӯзи ҷумъа гуфт, ки мудирият дигар ба чаҳор корманд боварӣ надорад. TeliaSonera ин корро бо расидагиҳое иртибот дод, ки ба фаъолиятҳои молии ин ширкат дар Узбакистон анҷом гирифтааст.
Гуфта мешавад, ин ширкат бо Гулнора Каримова-духтари раиси ҷумҳури Узбакистон иртибот дорад. Иддао дар бораи ришвахорӣ ва фасоди молӣ дар ширкати TeliaSonera соли 2012 сари забонҳо омад.
XS
SM
MD
LG