Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти Иттиҳодияи Аврупо дар Вилнюс ба поён расид


Мулоқоти Вилнюс

Мулоқоти Вилнюс

Мулоқоти раҳбарони кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо дар Вилнюс кори худро ба поён расонд. Ин мулоқот бо номи Коршарикии Иттиҳодияи Аврупо бо Шарқ анҷом гирифт. Виктор Янукович-раиси ҷумҳури Украина дар Вилнюс қавл дод, ки кишвараш корро барои омода кардани мувофиқатномаи ҳамгароӣ ва тиҷорати озод бо Иттиҳодияи Аврупо идома медиҳад. Вай изҳор дошт, ки бо вуҷуди нокомӣ дар мулоқоти дурӯзаи раҳбарон Киев “дар ояндаи наздик ин мувофиқатномаро бо Аврупо имзо хоҳад кард.

Дар эъломияи ниҳоии мулоқоти раҳбарон гуфта мешавад, ки ҳамаи ширкаткунандагон “ аз ҳимояти бемисли мардум ёдовар шуданд. Мардум ҳамгароии сисёсӣ ва иқтисодии Украина бо Иттиҳодияи Аврупоро мехоҳанд”.
Хосе Мануэл Барросо-раиси кумиссиюни Аврупо пешниҳоди Украинаро дар бораи ширкати Русия дар музокироти Украина ва Иттиҳодияи Аврупо рад кард. Киев мехоҳад, ки Русия дар корҳои омодагии Украина ба ҳамгароӣ бо Аврупо ширкат ҷӯяд.

Субҳи рӯзи ҷумъа Иттиҳодияи Аврупо бо Гурҷистону Молдова қарордоди ҳамгароиро барои имзо омода карданд. Озарбойҷон низ бо Аврупо дар бораи соддатар кардани муқаррароти раводид санаде ба имзо расонд.
XS
SM
MD
LG