Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Воситаҳои тафтиши мошинҳои дуздидашуда дар Тоҷикистон


15 афсари Хадамоти гумруки Тоҷикистон давраи «Василаҳо ва роҳҳои тафтиши мошинҳои рабдашуда»-ро бо пуштибонии Барномаи мусоидат ба идораи сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА) анҷом додаанд.

Маҳбуба Абдулллоева, корманди дафтари матбуоти намояндагии Иттиҳоди Аврупо рӯзи 29-уми ноябр иттилоъ дод, ки ин давраи омӯзиширо ду коршиноси аз Иттиҳоди Аврупо (Австрия) гузаронида ба иштироккунандагони ин давраи таъилмӣ дар бораи навъҳои гуногуни дуздидани автомобил ва воситаҳои тафтишоти мошинҳо рабудашударо омӯзониданд.

Дар ҷараёни давраи омӯзишӣ роҳҳои муайянсозии рақами идентификатсионии (VIN-коди) автомобилҳо ва роҳҳои ошкорсозии автомобилҳои дуздидашуда нишон дода шудааст.

Афсарони Хадамоти гумруки Тоҷикистон барои хубтар аз худ кардани назарияи ин таълимот дар гузаргоҳи сарҳадии “Дўстӣ” миёни Тоҷикистон ва Узбакистон бо омӯзиши амалии роҳҳои дуздидашудани автомобил ва ошкор кардани рабоиши мошинҳ ошно карда шуданд

Абдуллоева, афзуд, ҳадафи баргузории ин давраи омӯзиш таҳкими амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда барои мусоидат намудан ба рушди тиҷорат ва транзити қонунӣ, ва коҳиш додани убуру мурури ғайриқонунии одамон ва амвол дар сарҳад мебошад.
XS
SM
MD
LG