Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштор дар натиҷаи рашк


Вазорати корҳои дохила хабар медиҳад, ки аз санаи 20-ум то 28-уми ноябри соли 2013 Алишери Мансур ҳамчун шахси гумшуда мавриди ҷустуҷуи наздикон ва мақомоти интизомӣ қарор дошт, ҷасадашро аз як чуқурӣ ёфтаанд

Дафтари матбуоти ВКД рӯзи 29-уми ноябр хабар дод, ки Алишери Мансур сокини ноҳияи Ҳисор дар асоси муроҷиати волидонаш ҳамчун шахси бедарак гумшуда дар ҷустуҷӯ қарор дошт, зимни гузаронидани амалиёти ҷустуҷӯӣ ҷасди ӯро аз зери хок дар ҳавлии як сокини дигари ҳамин ноҳия пайдо карданд.

Тавре ВКД хабар медиҳад аз ҷониби кормандони Раёсати кофтукови ҷиноии вазорат сокин ноҳияи Ҳисор Парвиз Раҳимов, соли таваллудаш 1984, ҳамчун гумонбар дар куштори Алишери Мансур дастгир карда шуд.

Ба иттилои ин манбаъ Парвиз раҳимов рӯзи 15-уми уми ноябр тахминан соати 15:00-дақиқа Алишерро ба манзилаш даъват намуда, аз рашк нисбати ҳамсараш, ӯро лату кӯб намуда буғӣ карда мекушад.

Сипас ҷасади Алишерро дар чуқурии ҳавлии истиқоматиаш гур кардааст.
Ҳоло дар нисбати Парвиз Раҳимов парванда боз карда шуда тафтишоти пешакӣ идома дорад.
XS
SM
MD
LG