Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

7 нафар иҷозаи дубора вуруд ба Русияро гирифт


Хадамоти Федеролии муҳоҷирати Русия ба 7 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки аз тарафи мақомотҳои интизомии Русия бинобар сабаби вайрон намудани қонунҳои Федеролӣ аз қаламрави ин кишвар ба мӯҳлати аз 3 сол то 5 сол берун карда шуда буданд, иҷозаи дубора ворид шудан ба қаламрави ин кишварро гирифтанд.

Анвар Юсупов, мудири бахши қабул ва маслиҳатдиҳии хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон гуфт, ҳанӯз дар моҳи сентябри соли ҷорӣ шаҳрвандони кишвар 7 нафар ба бахши онҳо бо аризаи хаттӣ муроҷиат намуданд, ки аз тарафи мақомотҳои интизомии Русия бинобар сабаби вайрон намудани қонунҳои Федеролӣ аз қаламрави ин кишвар маҷбуран ба мӯҳлати аз 3 сол то 5 сол берун карда шуда буданд.

Абдулло Қодирӣ, сухангӯи хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, рӯзи 29-уми ноябр ба Озодӣ гуфт, ки роҳбарияти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба унвони роҳбарияти Федеролии муҳоҷирати Русия Константин Ромадановский мактуби расмӣ ирсол намуда хоҳиш намуданд, ки ба ин шаҳрвандон ва донишҷӯён иҷозаи дубора ворид шудан ба қаламрави Русияро диҳанд.

Ҳаминтавр ду модари ҷавони тоҷик, Мақсуда Раҳмонова зодаи шаҳри Душанбе, Гулшода Ғаюбова сокини шаҳри Турсунзода, Қаҳрамон Воҳидов истиқоматкунандаи Истаравшан, Шаҳбоз Алиев зодаи Душанбе, Ҳабибулло Мамадҷонов истиқоматкунандаи ноҳияи Ашт, инчунин донишҷӯи курси 3-юми Донишгоҳи экономика ва менеҷменти шаҳри Новосибирск ва донишҷӯи курси 4-уми Донишгоҳи давлатии технологии шаҳри Иркутскии иҷозаи вурудро дарёфт карданд.

Айни замон, ҳамчунин аз 20 нафар донишҷӯи тоҷик, ки дар донишгоҳҳои олии Русия таҳсил мекунанд, ду нафари онҳо аз тарафи Хадамоти Федеролии муҳоҷирати Русия иҷозаи дубора ворид шудан ба қаламрави ин кишварро гирифтанд, 18 нафари онҳо бошад интизори посухи ҷониби Русия ҳастанд.
XS
SM
MD
LG