Пайвандҳои дастрасӣ

Дар даҳ рӯзи оянда ба Сердюков иттиҳом эълон мешавад


Дар давоми 10 рӯзи оянда ба Анатолий Сердюков-вазири пешини дифои Русия иттиҳом эълон хоҳад шуд. Владимир Маркин-намояндаи расмии Кумитаи тафтишот изҳор дошт, ки бар асоси моддаи сахттаре иттиҳом эълон мешавад.

Маркин гуфт, ки то поёни мӯҳлати баррасии парванда як соли дигар вақт ҳаст. Вале рӯзномаи «Коммерсантъ» навиштааст, ки мӯҳлати расидагӣ ба парванда ба охир расидааст ва мумкин аст ин парванда барои мурофиа ба додгоҳ фиристода нашавад.

28 ноябр Кумитаи тафтишотии Русия хабар дод, ки бар зидди Сердюков парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Гумон меравад, ки Сердюков аз ҳисоби будҷаи вазорати дифоъ ба сӯи тафреҳгоҳи "Житное" дар вилояти Астрахан роҳ сохта, ба давлат 56 миллион рубл зарар расондааст.

Аммо Сердюков ин иттиҳомотро қабул надорад. Нахустин бозпурсии вай барои 3 декабр пешбинӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG