Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қочоқи маводи мухаддир дар нишасти Душанбе баррасӣ шуд


Нишасти Душанбе

Нишасти Душанбе

Дар Душанбе нишасти ғайрирасмии раҳбарони ниҳодҳои мубориза бо маводи мухаддир баргузор шуд. Дар ин нишасти байналмиллалӣ намояндагон аз Афғонистону Чин, Эрону Покистон, Русияву Туркия, Амрико ва Иттиҳодияи Аврупову СММ ширкат ҷустанд.

Ширкаткунандагони ин нишаст роҳҳои муборизаи муштарак бо қочоқи маводи мухаддир дар минтақа баъд аз хуруҷи нируҳои НАТО аз Афғонистонро баррасӣ карданд.

Тоҷикистон яке аз масирҳои муносиби қочоқи ин мавод аз Афғонистон ба кишварҳои дигари ҷаҳон ба шумор меравад. Дар роҳ ба сӯи Русия ва ба кишварҳои Аврупои ғарбӣ ҳар сол миқдори зиёди маводи мухаддир ба Тоҷикистон сарозер мешавад.
XS
SM
MD
LG