Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Вилнюс музокира бо Украина натиҷа надодааст


Музокироти миёни Виктор Янукович-раиси ҷумҳури Украина ва раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо натиҷа надодааст. Интизор мерафт, ки дар лаҳзаҳои охир Украина бо Иттиҳодияи Аврупо мувофиқатномаи ҳамгароӣ имзо кунад. Қарор аст ин музокирот дар давоми рӯзи ҷумъа дар чаҳорчӯбаи мулоқоти раҳбарони Аврупо дар Вилнюси Литва идома ёбад.

Шоми рӯзи панҷшанбе дар оғози ин мулоқот Виктор Янукович бо раҳбарони Аврупо мулоқот анҷом дод. Аммо Далиа Грибаускайте-раиси ҷумҳури Литва гуфт, ки дар ин мулоқот тағире дар мавзеъгириҳои Украина мушоҳида нашудааст.

Интизор мерафт, ки Украина бо Иттиҳодияи Аврупо дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорати озод қарордод имзо кунад. Вале чанд рӯз пеш аз мулоқоти Вилнюс Янукович гуфт, ки кӯмакҳои пешниҳодшуда аз ҷониби Иттиҳодияяи Аврупо кофӣ нест ва ба ҷои он Украина бояд бо ҳамсояи худ Русия ҳамкориашро наздиктар кунад.
Ҳамзамон дар Украина эътирозҳои зиддидавлатӣ идома доранд.
XS
SM
MD
LG