Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ҳазинаи корҳои фаннии нақби "Истиқлол"-ро мепардозад


Эрон омодагӣ кардааст, ки маблағи корҳои фаннии нақби “Истиқлол”-ро пардохт намояд.

Ҳайатҳои Тоҷикистон ва Эрон иборат аз коршиносони «Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашию кофтуковӣ», МД «Мудирияти корхонаҳои сохташудаистода», намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ШСХК «Барқи Тоҷик», Саидораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи роҳдорӣ, ва намояндагони Ширкати тавсеаи манобеи об ва нерӯи Эрон, ширкатҳои паймонкори «Фароб», «Собир», «Садд ва туннели Порс», дар як нишаст масъалаи анҷоми пурраи ин нақбро ҷиддан баррасӣ карданд.

Ҳабиб Давлатов, намояндаи вазорати нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 29-уми ноябр ба радиои “Озодӣ” гуфт, ки дар ҳоли ҳозир мутахассисони вазорати нерӯи Эрон ба баррасии вазъи фаннии нақби “Истиқлол” пардохтаанд ва бояд ҳаҷми маблағе, ки барои анҷоми пурраи техникии он зарур аст, мушаххас шавад. Оқои Давлатов гуфт, вазорати нерӯи Эрон изҳори омодагӣ карддааст, ки ҳаҷми маблағе, ки барои анҷоми корҳои фаннӣ маълум мешавад, пардохт намояд.

Дар ҳамин ҳол Олим Ятимов, сардори Шуъбаи кор бо сармоягузории вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба "Озодӣ" гуфт, ҳамакнун ҳаҷми маблағе, ки бояд барои корҳои боқимонда сарф шаванд, мушаххас нест ва то замоне, ки ҷониби Эрон онро пешниҳод накунад, чизе гуфта намешавад.

Аммо Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон зимин баррасии вазъи тунели “Истиқлол” дар парлумон дар моҳи апрели соли равон гуфта буд, ки барои анҷоми корҳои боқимондаи нақб аз ҷониби Тоҷикистон ва Эрон се миллион долларӣ ҷудо карда мешавад. Ба таъкиди Ҳакимов, «азбаски ин нақб иншооти сиёсӣ асту ду бор аз тарафи раисони ҷумҳури Эрону Тоҷикистон ифтитоҳ шуда буд, эрониҳо гуфтанд, ки “мо сар кардем худамон анҷом медиҳем”.

Бар асоси «Ёддошти тафоҳум»-и иловагӣ ҷиҳати бозсозии нақби «Истиқлол»-ро раисони ҷумҳури Тоҷикистону Эрон ҳанӯз 4-уми сентябри соли 2011 имзо карда буданд ва бозсозии нақб бояд то моҳи декабри соли гузашта анҷом меёфт.

Олим Ятимов, сардори шуъбаи кор бо сармоягузории вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, корҳои фанние, ки феълан дар нақб боқимондааст, таъмири роҳ ва махсусан пӯшонидани қабати болоии он мебошад. Ба дунболи он бояд новаҳои обгузари даруни тунел ва системаи рушноӣ дуруст шавад.

Дар ҳамин ҳол мусофирон ва ронандагоне, ки аз даруни ин нақб убур мекунанд бо норозигӣ мегӯянд, ки ҳанӯз ҳам роҳи даруни он мушкилгузар буда, дар баъзе нуқтаҳои он ҳавзҳои чуқур аст, ки мошинро дучори садама мекунад. Ҳангоми гузаштан, дохили тунел тира буда, танҳо дар баъзе нуқтаҳои он лампаҳои хира фурӯзон аст

23 марти соли 2006 нақби “Истиқлол”, ки дар ибтидо аз он тунели “Уштур” ном бурда мешуд дар зери гарданаи Анзоб кушоиш ёфт. Сохтмони нақби мазкур, ки дар соли 1989 оғоз ва ба иллати бесарусомониҳои сиёсию иқтисодӣ мутаваққиф шуда буд, дар соли 2003 аз сар гирифта шуд. Барои иҷрои ин тарҳ Эрон 31 миллион доллар ихтисос дода буд, ки 10 миллион доллари он кӯмаки ройгони Эрон ба Тоҷикистон буд.
XS
SM
MD
LG