Пайвандҳои дастрасӣ

Ш.Сангинбоев: "Дар ҷисми писарам захмҳои корд аён буд"


Ҷасади яке аз муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Душанбе оварда шуд. Акс аз бойгонӣ.

Ҷасади яке аз муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Душанбе оварда шуд. Акс аз бойгонӣ.

Волидони ду муҳоҷири кушташудаи рустои Фонии ҷамояти Моғиёни шаҳри Панҷакент мегӯянд, ягон шикояте надоранд ва қатли фарзандони худро амри тақдир медонанд.

Шодимурод Сангинбоев, падари яке аз ду муҳоҷири кушташуда, Абдуманнон Сангинбоев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд аз марги нобаҳангоми ҷигарбандаш ранҷ мекашад, вале намехоҳад ба ҷое шикоят барад. Вай гуфт: «Ман ба куҷо ҳам даъво мекунам. Ба мо гуфтанд, ки қотилон боздошт шуданд ва бояд тибқи қонунҳои Русия ҷазо бинанд. Аммо ин ҳам аниқ нест, ки оё онҳо боздошт шуданд ё не».

Ин падари муҳоҷири кушташуда мегӯяд, Абдуманнон Сангинбоев фарзанди дуввуми хонадон буд ва ҳамсару ду духтарча дошт. Аммо, Сайриддин Мутрифов бародарзодаи ӯ ва дувумин муҳоҷири кушташуда, фарзандаи ягонаи хонавода буда, тамоми таъмини рӯзгорро ба ӯҳда доштааст.

Абдуманнон Сангинбоев ва Сайриддин Мутрифов - ду муҳоҷири кушташуда, сокинони деҳаи Фонии ҷамоати Моғиён, ки тайи чанд соли ахир дар Русия муҳоҷири корӣ буданд, рӯзи 12-уми ноябри соли равон дар ноҳияи Сосновскийи вилояти Челябинск кушта шудаанд. Он замон, кумитаи тафтишотии Русия гуфта буд, ду сокини маҳаллиро дар куштори шаҳрвандони Тоҷикистон дастгир кардаанд, ки қаблан доғи судӣ дошта, яке аз онҳо ҳамроҳ бо шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷамъоварӣ ва фурӯши оҳанпора машғул будааст.

Гуфта мешавад, шаҳрвандони Тоҷикистон хонаеро иҷора гирифта буданд ва бо ҷамъоварии оҳанпора машғул будаанд. Тибқи тафтишоти пешакӣ, қотилон барои дуздии оҳанпора ба макони зисти ин шаҳрвандони Тоҷикистон омада, дар хона соҳибони онро дида, ба муноқиша бархостаанд. Дар натиҷа ҳарду шаҳрвандони Тоҷикистонро бо зарби корд ба ҳалокат мерасонанд.

Аз Шодимурод Сангинбоев, падари Абдуманнон Сангинбоев пурсидем, ки вазъи оилавии Сайриддин Мутрифов, ки бародарзодааш аст чигуна аст, вай гуфт:

«Падараш кор намекард, вай пул мефиристод. Бародарам як писару як духтар дошт. Онҳо нақша доштанд, бо маблағҳои равон мекардаи Сайриддин хоҳарашро ба шавҳар диҳанд, вале афсус, ки нашуд».

Озодӣ: Вақте ҳодисаи кушташудани Абдуманнон Сангинбоев ва бародарзодаи шумо Сайриддин Мутрифов расонӣ шуд, пас аз се рӯз дар суҳбат бо "Озодӣ" сокинони рустои деҳаи шумо мегуфтанд, то ҳол аз ин хабар хонаводаи шумо иттилое надоранд. Ин хабари шумро шумо чигуна қабул кардед?

Сангинбоев: «Албатта писарам ҳаррӯз якбор ба ман телефон мекард. Вақте ки маротибаи охир рӯзи якшанбе занг зад, бо ҳамин ду рӯз дигар занг намезад. Ман ба писарам занг мезадам, телефонаш ҷавоб намедод. Ба ман мегуфтанд, ки шояд ба шаҳри дигар рафтаасту телефонаш кор намекунад. Дар ин чанд рӯзи ахир хобҳои бад медидам, ҳайрон мешудам. Вақте дар кӯҷаҳо ин овоза паҳн шудааст, одамҳо бо ман тамоман дигар нигоҳ мекарданд. Писари сеюмам ҳам дар интернет ин хабарро мехонад, вале ӯ ҳам ба ман чизе нагуфт. Баъд фаҳмидам, ки онҳоро куштанду ҷасадҳоро меоранд».

Озодӣ: Дар хабарҳо гуфта мешуд, ки ҳарду шаҳрванди Тоҷикистонро аввал бо корд ва баъдан бо табар зада, узвҳои баданашоро реза кардаанд. Воқеан чунин буд?

Сангинбоев: «Ман ҳам фаҳмидам, ки ҳаминхел овозаҳо шудааст. Вақте ки ҷасадҳоро оварданд, дар ҷисми беҷони писарам, захмҳои бо корд задашуда намоён буд, ҳатто болои як абруи Абдуманон сахт ҷароҳат бардошта буд. Дар бадани писари бародарам Сайриддин низ захмҳои корд зиёд буд, вале ҷасадҳои онҳо пора-пора нашуда буд».

Озодӣ: Барои интиқоли ҷасадҳо кӣ кумак карда буд, масъулони сафорат ё...?

Сангинбоев: «Дар мавриди кӯмак намедонам ба онҳо кӣ кӯмак карда буд. Лекин дар Русия наздикони дигарам буданд, ҳамдеҳаҳо шукр онҳо ҳам кӯмак карданд. Онҳо маблағ ҷамъ карда ҷасадҳоро фиристоданд. Ман шукр мекунам, ки ҷасади кушташударо дар кадом як ҷангале напартофтанд, вагар ман чи кор мекардам? Як умр дар дили ман доғ мемонд».

Озодӣ: Шумо гуфтед, ки ҷое шикоят ҳам намекунед, чаро?

Сангинбоев: «Мо ягонҷо шикоят намекунем. Фақат аз ҳукумати Тоҷикистон хоҳиш дорам, ки сафоратхонаву консулгариҳо назорати ҷиддӣ дошта бошанд. Аз онҳо талаб кунад, ки ба мушкили муҳоҷирони корӣ расидагӣ шавад».

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG