Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пагоҳ дар Тошканд мулоқоти нахуствазирони СҲШ оғоз меёбад


29 ноябр дар Тошканд мулоқоти нахуствазирони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой баргузор мешавад. Дар кори он нахуствазирони 6 кишвари узв, яъне Қазоқистону Қирғизистон Русияву Тоҷикистон ва Узбакистону Чин ширкат меҷӯянд. Намояндагони Афғонистону Ҳиндустон, Эрону Муғулистону Покистон ба унвони кишварҳои нозир дар мулоқот ҳузур хоҳанд ёфт.

Дар хабарҳои матбуотӣ гуфта мешавад, ки намояндагони созмонҳои байналмиллалӣ аз қабили ЭСКАТО ё Кумиссиюни иқтисодиву иҷтимоии СММ, АСЕАН ва СНГ ширкат хоҳанд ҷуст. Аз Тоҷикистон дар ин мулоқот Қоҳир Расулзода-кафили нахуствар намояндагӣ мекунад.

Дар мулоқот густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва масъалаҳои бонкӣ баррасӣ мешавад. Дар поёни мулоқот Ёддошти муштарак ба имзо мерасад.
Бино ба хабарҳо, 28 ноябр Ли Кедзиян-нахуствазир ё раиси Шӯрои давлатии Чин вориди Тошканд мешавад ва бо Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Узбакистон мулоқот мекунад.
XS
SM
MD
LG