Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорат хабари расонаҳои русиро рад кард


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, як шаҳрванди кишвар, ки дар Русия бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дастгир шуд, корманди ин вазорат нест. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилӣ, рӯзи панҷшанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, Наҷибулло Тиллоев, корманди вазорати умури дохилӣ нест, агарчӣ дар гузашта ба ҳайси корманди ғайриштатии шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ кор кардааст. Ба гуфтаи Маҳмадулло Асадуллоев, санади расмии корманди ғайриштатии милиса будани ӯ аз пеш аз эътибор соқит дониста шудааст. Расонаҳои русӣ, рӯзи 25 ноябр навиштанд, ки Наҷибулло Тиллоев, шаҳрванди Тоҷикистонро ҳангоми қочоқи як кило маводи мухаддир дастгир кардаанд ва ӯ корманди вазорати умури дохилии Тоҷикистон будааст.
XS
SM
MD
LG