Пайвандҳои дастрасӣ

Янукович дар Вилнюс бо раҳбарони Аврупо мулоқот мекунад


Виктор Янукович

Виктор Янукович

Интизор меравад, ки Виктор Янукович-раиси ҷумҳури Украина 28 ноябр бо раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо дар Вилнюс мулоқот кунад. Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз пеш вай изҳор дошт, ки Украина омода нест қарордоди ҳамгароӣ бо Аврупоро имзо кунад. Қарор аст вай шоми панҷшанбе дар маҷлиси зиёфати раҳбарон, ки дар чаҳорчӯбаи мулоқоти севвуми раҳбарон барои ҳамкорӣ бо Шарқ баргузор мешавад, ширкат ҷӯяд.

Аслан интизор мерафт, ки Украина бо Иттиҳодияи Аврупо мувофиқатномаи ҳамкорӣ ва тиҷорати озодро имзо кунад. Аммо акнун Янукович мегӯяд, ки Аврупо то ҳол дар бораи кӯмакҳои муносиб пешниҳоде накардааст.

Украина ҳамчунин намехоҳад Юлия Тимошенко-нахуствазири пешин ва зиндонии Украинаро барои муолиҷа дар хориҷ аз кишвар иҷоза диҳад.
XS
SM
MD
LG