Пайвандҳои дастрасӣ

"Мумкин аст созишномаи амниятиро мақоми дигари афғон имзо кунад"


Ҷен Псакӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико.

Ҷен Псакӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико.

Вазорати умури хориҷии ИМА мегӯяд, созишномаи амниятӣ миёни Амрико ва Афғонистонро ба ҷои Ҳомиди Карзай, як мақоми дигари афғон метавонад имзо кунад.

Дар ин маврид Ҷен Псаки, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи гузашта дар суҳбат ба Радиои Озодӣ тавзеҳот дод.

РӮзномаи Лос-Анҷелес таймз дар шумораи рӯзи гузаштаи худ аз қавли мақомоти Амрико навишта буд, ки гуфтаанд, чун раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай ҳозир нест мувофиқатномаи амниятӣ миёни Кобул ва Вошингтонро имзо кунад, аз ин рӯ Амрико мақомоти дигари афғон, аз ҷумла вазири умури хориҷӣ Зирораҳмад Муқбил Усмониро ташвиқ мекунад, ки дар чанд ҳафтаи оянда ин созишномаи дуҷонибаро би имзо бирасонад.

Қасри Сафед гуфтааст, агар созишномаи амниятӣ то поёни соли ҷорӣ имзо нашавад, Амрико дар соли оянда тамоми 47 ҳазор сарбози худро аз Афғонистон хориҷ хоҳад кард, ки дар натиҷаи он мумкин аст ин кишвар дар ҷанг бо Толибон аз кӯмакҳои кофии ҷомеаи ҷаҳонӣ, бенасиб шавад.

Аммо сухангӯи вазорати хориҷии Амрико Ҷен Псакӣ ин мавзӯъро радд кард, ки гӯё Амрико мақомоти дигари афғонро ташвиқ мекунад то бар ивази Ҳомид Карзай ин мувофиқатномаро ба имзо бирасонанд: "Агар рӯшан сӯҳбат кунам, ин як санаде аст, ки бояд аз сӯи Ҳомид Карзай ва ё шахсе, ки аз тарафи вай вазифадор шудааст, ба имзо бирасад. Пас мантиқан ин амал мумкин аст, вале Амрико ният надорад, ки бар он пофишорӣ кунад."

Ҳукумати Обама дар сурати имзо шудани созишномаи амниятӣ бо Афғонистон мехоҳад баъд аз соли 2014 аз шаш то даҳ ҳазор сарбози худро дар Афғонистон нигаҳ дорад. Аммо бархе аз фармондеҳони амрикоӣ хоҳони ҳузури 12 ҳазор сарбози амрикоӣ дар Афғонистон мебошанд. Амрико соли 2011 дар мавриди масунияти сарбозонаш дар Ироқ бо ҳукумати ин кишвар ба мувофиқа нарасид ва ҳама нерӯҳояшо аз ин кишвар хориҷ кард.
XS
SM
MD
LG