Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Режими Асад ба Женева меравад, аммо қудратро намедиҳад


Ҳукумати Сурия эълон кард, ки дар Конфронси Женева 2 ширкат хоҳад кард, аммо қасди вогузор кардани қудратро надорад.

Ин суханон ду рӯз пас аз он сурат мегирад, ки Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 22--юми январро рӯзи оғози кори конфронси байналмилалии сулҳи Сурия эълом кард.

Дар посух ба дархости Фаронса ва Бритониё дар мавриди барканории Башор Асад аз қудрат, вазорати умури хориҷии Сурия рӯзи чаҳоршанбе дар як баёния ки аз сӯи хабаргузории давлатии ин кишвар мунташир шуд, эълом кард: "Давраи истеъмор ба поён расидааст ва бояд онҳо аз хобу хаёли худ бедор шаванд."

Ин баёния афзудааст: "Агар онҳо ба воҳимаҳои худ исрор кунад, ниёзе нест дар Конфронси Женева 2 ҳозир шаванд, зеро мардуми мо ба касе иҷоза намедиҳанд ҳаққи худро дар таъйини сарнавишт ва раҳбарии худ, аз онҳо бигиранд."

Дар идомаи ин баёния омадааст, ки ҳайати суриягӣ ба Женева хоҳад рафт, аммо на барои вогузории қудрат ба касе, балки барои мушорикату ҳамкорӣ бо касоне , ки манфиати мардуми Сурия барояшон муҳим аст ва хостори роҳи ҳалли сиёсӣ барои бинои ояндаи Сурия ҳастанд.

Ин баёния дар ҳоле мунташир шудааст, ки рӯзи сешанбе Салим Идрис, фармондеҳи Артиши озоди Сурия, ки аз ҳимояти ғарбиҳо бархӯрдор аст, мухолифати худро бо ҳузур дар Конфронси Женева 2 ё оташбас дар рӯзҳои баргузории онро радд кардааст.

Эътилофи миллии мухолифони Сурия ки аз сӯи ғарбиҳо пуштибонӣ мешавад ва аз нуфузи зиёд миёни мухолифони мусаллаҳи ҳозир дар майдон бархӯрдор нест, эълом кардааст, ки моҳи оянда оид ба ҳузури дар Конфронси Женева-2 тасмим хоҳад гирифт. Ин эътилоф қаблан эълон карда буд, ки дар сурати боз шудани долонҳои амн барои расидани кӯмакҳои инсонӣ ба ниёзмандон ва озодии зиндониёни сиёсӣ, ҳозир аст дар ин нишаст ширкат кунад. Ин эътилоф ҳамчунин исрор дорад, ки Асад ҳеҷ нақше дар ояндаи Сурия надошта бошад.

Дар чанд моҳи гузашта нерӯҳои давлатии Сурия бо пешравиҳое, ки дар атрофи Димишқ ва минтақаҳои марказӣ ба даст оварданд, ҳузури низомии худро тақвият бахшиданд. Нерӯҳои Асад тавонистанд дар ин моҳ назорати чанд шаҳрак дар атрофи Димишқ ва минтақаҳое аз ҷануби вилояти Ҳалабро бо пуштибонии Эрону Русия ва кӯмаки ҷангиён аз Лубнон ва Ироқ, аз мухолифон бозпас бигиранд.

Дар ҳамин ҳол вазирони умури хориҷии Эрону Туркия рӯзи чаҳоршанбе хостанд, то қабл аз оғози музокироти сулҳ дар Женева дар Сурия оташбас эълон шавад. Қарор аст, музокироти сулҳи мавсум ба Женева 2 рӯзи 22 январ сурат бигирад, вале ҳоло феҳрасти комили ширкаткунандагони онро нашр накардаанд.
XS
SM
MD
LG