Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Сурия дар музокирот ширкат мекунад


Ҳукумати Сурия рӯзи чаҳоршанбе эълон кард, ки дар музокироти байналмилалии сулҳ дар Женева ширкат мекунад, вале гуфт, ки Башор Асад ҳукуматро ба дасти касе намедиҳад. Муовини вазири умури хориҷии Сурия дар дар вокуниш ба баёнияҳои мақомоти Бритониёву Фаронса, ки гуфтаанд, Башор Асад дар ҳукумати муваққати Сурия ҳеҷ нақше нахоҳад дошт, изҳор кард, ки “аҳди мустамликадорӣ гузаштааст.” Ба қавли ӯ, ҳайъати ҳукумати Сурия ба Женева барои он намеравад, ки “қудратро ба дасти касе бидиҳад.” Вазирони умури хориҷии Эрону Туркия рӯзи чаҳоршанбе хостанд, то қабл аз оғози музокироти сулҳ дар Женева дар Сурия оташбас эълон шавад. Қарор аст, музокироти сулҳи мавсум ба Женева 2 рӯзи 22 январ сурат бигирад, вале ҳоло феҳрасти комили ширкаткунандагони онро нашр накардаанд.
XS
SM
MD
LG