Пайвандҳои дастрасӣ

Азаров мегӯяд, музокирот бо Аврупо идома дорад


Микола Азаров, нахуствазири Украина мегӯяд, музокирот дар бораи имзои аҳдномаи ҳампаймонӣ бо Иттиҳодияи Аврупо идома дорад, ҳарчанд ҳукумат қарор кард, ки онро охири ҳамин ҳафта дар шаҳри Вилнюс имзо накунад. Ӯ дар ин бора дар нишасти ҳукумат сухан гуфт ва дар айни ҳол тазоҳуроти тарафдорони ҳамоиши Украина бо Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Киев идома кард. Тазоҳургарон мехоҳанд, ки аҳдномаи ҳампаймонӣ зудтар имзо шавад. Юлия Тимошенко, нахуствазири собиқ ва зиндонии Украина, низ бо талаби имзои ин санади муҳими таърихӣ бо Иттиҳодияи Аврупо гуруснашиниро идома медиҳад. Духтари ӯ Евгения Тимошенко гуфт, ки модараш тайи ду рӯзи гузашта ба ғайр аз об дигар ҳеҷ чиз нахӯрдааст. Брюссел Русияро муттаҳам кард, ки бо фишори зиёд Украинаро маҷбур кардааст, ки аҳдномаи ҳампаймонӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро имзо накунад.
XS
SM
MD
LG