Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

М.Муҳаммадиев - ҷонибдори Рибери, А.Тӯйчиев - ҷонибдори Месси


Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон ва Алишер Тӯйчиев, капитани дастаи мунтахаби кишвар, дар интихоби беҳтарин бозигар ва беҳтарин мураббии соли 2013 ширкат карданд.

Муҳаммадиев нимҳимоятгари «Бавария»-и Мюнхен ва мунтахаби Фаронса Франк Рибериро беҳтарин бозигари соли 2013 эътироф кардааст. Тӯйчиев бошад, ҷойи аввалро ба бозигари «Барселона»-и Испания ва мунтахаби Аргентина, барандаи чоркаратаи ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» Лионел Месси муносиб донистааст.

Дар рӯйхати муддаиёни ҷоизаи пурнуфузи «Тӯби тиллоии ФИФА» 33 бозигар дохиланд. Беҳтарин бозигари солро тавассути раъйдиҳӣ ҳайати ҳакамон, ки ба он хабарнигорон, сармураббиён ва капитанҳои дастаҳои мунтахаби миллӣ шомиланд, муайян мекунанд.

Беҳтарин бозигари сол
Мӯҳсин МУҲАММАДИЕВ, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон: 1. Франк Рибери («Бавария» ва мунтахаби Фаронса), 2. Лионел Месси («Барселона» ва мунтахаби Аргентина), 3. Криштиану Роналду («Реал» ва мунтахаби Португол).
Алишер ТӮЙЧИЕВ, капитани мунтахаби Тоҷикистон: 1. Лионел Месси («Барселона» ва мунтахаби Аргентина), 2. Франк Рибери («Бавария» ва мунтахаби Фаронса), 3. Роберт Левандовски («Боруссия» ва мунтахаби Лаҳистон).

Беҳтарин мураббии сол
Мӯҳсин МУҲАММАДИЕВ: 1. Висенте Дел Боске (мунтахаби Испания), 2. Сэр Алекс Фергюсон («Манчестер Юнайтед»), 3. Жозе Моуриню («Реал»/«Челси»).
Алишер ТӮЙЧИЕВ: 1. Юпп Хайнкес («Бавария»), 2. Сэр Алекс Фергюсон («Манчестер Юнайтед»), 3. Висенте Дел Боске (мунтахаби Испания).
XS
SM
MD
LG