Пайвандҳои дастрасӣ

Роҳил Шариф фармондеҳи нави артиши Покистон шуд


Генерал Роҳил Шариф, фармондеҳи ояндаи артиши Покистон таъйин шудааст, ки қудратмандтарин мақом дар ин кишвари мусаллаҳ бо бомби атомӣ ба шумор меравад. Азим Баҷвол, сухангӯи артиши Покистон, рӯзи чаҳоршанбе бо паёме дар шабакаи иҷтимоии Твиттер ин хабарро таъйид кард. Роҳил Шариф акнун ҷойгузини генерал Ашфақ Парвиз Каёнӣ хоҳад шуд, ки ӯ баъди 7 соли фармондеҳӣ фардо аз ин мақомаш хоҳад рафт. Навоз Шариф, нахуствазири Покистон ҳамчунин генерал Рашид Маҳмудро, раиси нави ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи кишвараш таъйин кардааст. Нақши ин ду мақомро дар мубориза алайҳи тундравони исломӣ дар Покистон бисёр муҳим медонанд. Дар 65 соли истиқлолияи Покистон, аксаран низомиён бо табаддулоти давлатӣ ҳукумат кардаанд.
XS
SM
MD
LG