Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қочоқбари узбактабори Тахор дар Ҳамадонӣ кушта шуд


Барои мақомот маълум шудааст, ки дар пайи амалиёти як ҳафтаи пеш дар ноҳияи Ҳамадонӣ, қочоқбари маъруфи узбактабори вилояти Тахори Афғонистон кушта шудааст. Тавре як манбаъ аз Оҷонсии мубориза зидди маводи мухаддир иттилоъ дод, ин қочоқбар ҳангоми гузаштан аз ҳудуди қисми низомии 2131 «ҳангоми кӯшиши боздошт, ба сарҳадшиканон муқовимати мусаллаҳона нишон додааст. Дар натиҷаи кушодани оташи ҷавобӣ қочоқбари машҳур Довуд валади Ҷумъахон, миллаташ узбак, 45 сола, сокини деҳаи Бустони улусволии Дарқади вилояти Тахори Афғонистон кушта шуд. Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса 15 кило воситаҳои нашъадор, 2 адад норинҷак дарёфт ва мусодира карда шуд. Ин қочоқбар ба гуфтаи мақомот, раҳбарии як гурӯҳи қочоқбареро бар дӯш доштааст, ки бештар маводи мухаддирро ба ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон интиқол медодааст.
XS
SM
MD
LG