Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонги хатар дар фурудгоҳи Душанбе


Дар фурудгоҳи Душанбе барои санҷиши ҳолатҳои изтирорӣ имрӯз 27-уми ноябр бонги хатар зада шудааст. Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи фурудгоҳи Душанбе гуфт, ки бо садо додани бонги хатар бахшҳои махсус, аз ҷумла гурӯҳи наҷотдиҳии садамавӣ, сухторнишонӣ, қисми санитарӣ-авиатсионӣ ва масъулини хадамот дар ҷойи эълоншудаи хатар, дар мӯҳлатҳои таъиншуда ҳозир шудаанд.

Сардори хадамоти таъминоти ҷустуҷӯӣ ва садамавӣ-наҷотдиҳии парвозҳо Қудратулло Одинаев иброз доштааст, ки машқи имрӯза дар пайи садамаи дар фурудгоҳи Қазон рухдодаи ҳавопаймои мусофиркаш гузаронида шудааст.

Муҳаммадюсуф Шодиев, афзуд машқи имрӯзаро нозирони амнияти парвозҳои фурудгоҳи Душанбе назора намуда, ба амалҳои иҷрошуда баҳои қаноъатбахш доданд.

Ёдовар мешавем, ки дар пайи садамаи ҳавопаймои Боинг- 737 дар фурудгоҳи шаҳри Қазон шаби 17 ба 18-уми ноябр 50 нафар ба ҳалокат расида буд.
XS
SM
MD
LG