Пайвандҳои дастрасӣ

Берлускониро аз порлумони Итолиё меронанд?


Қарор аст, имрӯз сенати Итолиё масъалаи маҳрум кардани Силвио Берлусконӣ нахуствазири собиқ аз ҳаққи вакилӣ дар порлумонро баррасӣ кунад. Силвио Берлусконӣ, ки як сиёсатмадори қудратманди Итолиё низ ҳаст, ба сарпечӣ аз пардохти молиёт гунаҳкор дониста шудааст. Бар асоси қонуне, ки соли гузашта дар Итолиё қабул шуд, касоне, ки дар ҷинояти ҷиддӣ даст доранд, ҳаққи вакили надоранд, вале қарор дар бораи аз порлумон рондани вакилро бояд сенати Итолиё қабул кунад. Ҳизби Демократии Энрико Летта, нахуствазири Итолиё ва як ҳизби умдаи дигар аломат додаанд, ки алайҳи ихроҷи Силвио Берлусконӣ аз порлумон раъй хоҳанд дод, аз ин рӯ ба гуфтаи нозирон ин миллиардери 77-солаи итолиёӣ аз курсии вакилиаш маҳрум мешавад. Силвио Берлусконӣ ба чаҳор соли зиндон маҳкум кардаанд, вале ба далели пирӣ ӯро ба зиндон намеандозанд.
XS
SM
MD
LG