Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвози ҳавопаймоҳои Амрико дар баҳри Чини Шарқӣ


Вазорати дифои Чин мегӯяд, парвози ду ҳавопаймои ғайримусаллаҳи Амрико бар фарози ду ҷазираҳое дар Баҳри Чини Шарқиро мушоҳида кардааст, ки Чину Ҷопон бар сари онҳо даъво доранд. Парвози ҳавопаймоҳои бомбандози B-52 дар рӯзи сешанбе ба рағми эъломи Чин буд, ки фазои он ҷазираҳоро қаламрави дифоъи ҳавоии худ эълон кард. Амрико парвози ҳавопаймоҳоро, маъмурияти омӯзишӣ хонда ва Чинро пешакӣ огаҳ накардаанд. Ҷопон, ки шарики Амрико аст, он ҷазираҳои холиро қаламрави худаш медонад. Кохи Сафед эълони Чин дар бораи қаламрави ҳавоии ин ҷазираҳоро “таҳрики нозарур” хонд. Ба гуфтаи мутахассисон, ҷазираҳои дурафтода, ки дар Чин Дияоу ва дар Ҷопон Сенкаку меноманд, захираҳои зиёди газу нафт ва дигар манобеъи табиӣ дорад.
XS
SM
MD
LG