Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳурот дар Украина имрӯз ҳам идома мекунад


Интизор меравад, имрӯз низ тазоҳуроти тарафдорони ҳамоиши Украина бо Иттиҳодияи Аврупо идома кунад, чун созмонҳои донишҷӯӣ аз донишҷӯён хостаанд, ки таҳсилро ба нишони эътироз муттавақиф кунанд. Дар ҳамин ҳол, Юлия Тимошенко, нахуствазири собиқ ва зиндонии Украина, бо талаби имзои аҳдномаи ҳампаймонӣ бо Иттиҳодияи Аврупо гуруснашиниро идома медиҳад. Духтари ӯ Евгения Тимошенко гуфт, ки модараш тайи ду рӯзи гузашта ба ғайр аз об дигар ҳеҷ чиз нахӯрдааст. Юлия Тимошенко рӯзи чаҳоршанбе 53-сола шуд. Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина рӯзе пеш гуфт, Иттиҳодияи Аврупо дар ивази имзои аҳдномаи ҳампаймонӣ ба Украина 610 миллион евро кӯмак пешниҳод кардааст, ки таҳқиромез аст. Ӯ афзуд, ки Украина барои расидан ба сатҳи Иттиҳодияи Аврупо солона ба 20 миллиард доллар зарурат дорад. Брюссел Русияро муттаҳам кард, ки бо фишори зиёд Украинаро маҷбур кардааст, ки аҳдномаи ҳампаймонӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро имзо накунад.
XS
SM
MD
LG