Пайвандҳои дастрасӣ

Мавқеи айбдоркунанда дар қазияи З.Саидов то 4 декабр маълум мешавад


Додгоҳ ба айбдоркунандаи давлатӣ мoҳлат дод, ки то 4-уми декабр мавқеи худро дар робита ба парвандаи Зайд Саидов омода кунад.

Шӯҳрат Қудратов, яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов рӯзи 27-уми ноябр ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба айбдоркунандаи давлатӣ то авоили моҳи декабр муҳлат дод, ки назари худро дар робита ба парвандаи Зайд Саидов мушаххас кунад ва дар мурофиаи навбатӣ баён дорад.

Имрӯз пурсиши шоҳидони парвандаи Зайд Саидов ба анҷом расид ва додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ то чорӯми декабр дар баррасии парвандаи Зайд Саидов танаффус эълон кард.

Ба гуфтаи Шӯҳрат Қудратов, дар мурофиаи имрӯз Фаррух Муҳиддинов, собиқ вазири нақлиёт ва муовини сарвазири Тоҷикистон бо даъвати вакилони мудофеъ дар мурофиа ширкат намуда аз Зайд Саидов пуштибонӣ намуд. Ҳамчунин котибаи Зайд Саидов низ аз тарафи додрас пурсида шуд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон муҳокимаи парвандаҳои Зайд Саидовро пушти дарҳои баста дар дохили боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ аз 12-уми сентябр ба ин сӯ идома дода истодааст.

Алайҳи Зайд Саидов то имрӯз бар асоси 8 моддаи кодекси ҷиноии Тоҷикистон - гирифтани пора (моддаи 319), қаллобӣ, бисёрзанӣ (моддаи 170), тамаъҷӯӣ (моддаи 250), сӯистифода аз ваколатҳои хидматӣ (моддаи 314), таҷовуз ба номус (моддаи 138), маҷбур сохтан ба исқоти ҳамл ва алоқаи ҷинсӣ бо нафаре, ки ба синни 16 нарасидааст, парвандаҳои ҷиноӣ кушода буданд. Бо шурӯъи парвандаи ахир шумораи иттиҳомоти зидди ӯ ба 10 мерасад.

Зайд Саидов тамоми иттиҳомоти алайҳаш эълоншударо радд карда, мегӯяд, таъқибу боздошти ӯ ангезаҳои сиёсӣ дошта, баъди эълони азмаш барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав шурӯъ шуд.
XS
SM
MD
LG