Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Тоҷикистон аз созиши Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ


Дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикитсон рӯзи 27-уми ноябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки имрӯз вазорати хориҷа бо пахши як баёния аз созиши Эрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ оида ба масъалаи ҳастаӣ, изҳори қаноатмандӣ кард. Дар баёния гуфта мешавад, ки «аз як ҷониб эътироф намудани ҳаққи мусаллами Эрон ба татбиқи барномаи мусолиматомези ҳастаӣ ва аз ҷониби дигар лағв намудани бархе аз таҳримҳои нисбати ин кишвар татбиқшуда, омилҳои мусбати ин тавофуқ ба назар мерасанд».

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ин иқдоми аввалинро бо қаноатмандӣ истиқбол намуда, изҳори умедворӣ кардааст, ки марҳилаҳои минбаъдаи гуфтушунидҳо ба ҳаллу фасли ниҳоии ин қазия мусоидат намуда, барои тақвияти сулҳу субот дар ин минтақаи ҳассос заминаи хубе хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG