Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як тундрави дигарро дар Озарбойҷон дастгир кардаанд


Нерӯҳои амниятии Озарбойҷон мегӯянд, узви саввуми гурӯҳеро боздошт кардаанд, ки мехостанд, масҷидеро дар шаҳри Боку пойтахти ин кишвар битарконанд. Вазорати Амнияти Миллии Озарбойҷон рӯзи сешанбе гуфт, ки фарди боздоштшуда шаҳрванди кишвар Илҳон Бобоев аст. Мақомоти Озарбойҷон шанбеи гузашта эълон карданд, ки ду озарии дигар, Наримон Мирзоев ва Мирзоаҳмад Рустамовро бо иттиҳоми узвият дар як гурӯҳи мазҳабии террористӣ дастгир карданд. Ба қавли мақомот ин афрод мехостанд, як масҷидеро дар пойтахт мунфаҷир кунанд. Алайҳи онҳо бо иттиҳоми терроризм ва нигаҳ доштани ғайриқонунии силоҳ парванда боз кардаанд.
XS
SM
MD
LG