Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай гуфт, созишномаро имзо мекунад, агар...


Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, ҳозир аст, созишномаи дуҷонибаи амниятӣ бо Амрикоро имзо кунад, аммо ба шарте, ки Иёлоти Муттаҳида ба амалиёт дар хонаҳои афғонҳо хотима дода ва ба қавли ӯ “раванди воқеъии сулҳро” оғоз кунад. Ҳомиди Карзай дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, санади мазкурро баъд аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи апрели соли оянда имзо хоҳад кард:
"Амрико шарти имзояшро пеш аз охири соли исавӣ монда ва мо шарти имзояшро манъи ҳамалоти Амрико ба хонаҳои мардуми Афғонистон мондем ва оғози амалии прусаи (тарҳи) сулҳ мондем. Амрикоиҳо ин ду шарти моро бароварда кунанд, мо ҳозир ба имзои қарордод ҳастем ва дар у сурат, ки ин ду шарт, амалӣ шавад, қарордод ба хайри мардуми Афғонистон аст."
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки дар Афғонистон даҳҳо ҳазор сарбоз дорад, мехоҳад, ки созишномаи дуҷонибаи амниятӣ то охири ҳамин сол имзо шавад ва Луя Ҷиргаи машваратии Афғонистон ҳам аз Ҳомиди Карзай чунин тақозо кардааст. Бар асоси созишнома, қарор аст, баъд аз тарки Афғонистон кардани нерӯҳои хориҷӣ, теъдоде аз сарбозони Амрико барои кӯмак дар ҷанг ба зидди тундравон ва тамрини нерӯҳои амниятӣ дар Афғонистон бимонанд.
XS
SM
MD
LG