Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Янукович гуфт, пешниҳоди Аврупо таҳқиромез будааст


Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина, гуфт, кӯмакҳои пешниҳодии Иттиҳодияи Аврупо дар ивази имзои аҳдномаи ҳампаймонӣ, таҳқиромез буд ва ӯ баъд аз беҳтар шудани шароит масъалаи имзои ин санади муҳимро баррасӣ хоҳад кард. Виктор Янукович дар як мусоҳибаи телевизионӣ гуфт, Иттиҳодияи Аврупо дар ивази имзои аҳднома ба Украина 610 миллион евро кӯмак пешниҳод кардааст ва аз Украина хостааст, шартҳои ғайриқобили қабули Сандуқи Байналмилалии Пулро бипазирад. Виктор Янукович гуфт, “Мо намехоҳем, ки ин гуна моро таҳқир кунанд.” Пештар аз сӯҳбати раиси ҷумҳури Украина, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, гуфт, аз таъсири манфии наздик шудани Украина бо Иттиҳодияи Аврупо ба иқтисоди кишвараш нигарон аст. Айни замон ҳазорон нафар аз тарафдорони ҳамоиши Украина бо Иттиҳодияи Аврупо бо талаби имзои аҳдномаи ҳампаймонӣ тазоҳурот дар Киев ва дигар шаҳрҳоро идома доданд.
XS
SM
MD
LG