Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Киев донишҷӯён низ ба эътирозҳо ҳамроҳ шуданд


Ҳазорон нафар донишҷӯёни ҷонибдори мувофиқатномаи ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи Аврупо дар майдоне дар маркази Киев ба эътироз оғоз намуданд. Онҳо аз ҳукумат интиқод мекунанд, ки қарордоди ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷорати озод бо Иттиҳодияи Аврупоро қабул надорад.

Виталий Кличко-раиси созмони Удари Украина аз ҷумлаи ононест, ки дар тазоҳуроти эътирозии донишҷӯён суханронӣ кард. Донишҷӯён аз ду донишгоҳи бузурги Киев дар майдони Шевченко ба эътироз шуруъ кардаанд. Эътирозгарон аз ҳукумат тақозо доранд, ки аз сиёсати худ даст кашад ва қарордоди ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро имзо кунад.

Рӯзи ҷумъа дар Вилнюс мулоқоти раҳбарони кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо оғоз меёбад ва қарор буд дар ин мулоқот Украина қарордоди ҳамкорӣ бо ин иттиҳодияро ба имзо расонад.
XS
SM
MD
LG