Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрванди Ӯзбакистон аз толори додгоҳ ба беморхона интиқол ёфт


Хонуме, ки дар остонаи дари зоишгоҳи Владивосток таваллуд кард ва баъдан дар нақзи қонуни муҳоҷирати Русия айбдор шуд, бо тифлаш ба касалхона интиқол ёфт.

Шоира Улошева, як шаҳрванди Ӯзбакистон, ки оғози моҳи ноябр натавонист бачаи худро дар таваллудгоҳи шаҳри Владивосток ба дунё биёрад ва дар дами дари ин бемористон бача ба дунё овард, рӯзи 26 ноябр ҳангоми мурофеа дар толори додгоҳ худро бад ҳис кард ва ба касалхона интиқол ёфт. Додгоҳ ҳукм кард, ки Улошева ба таври маҷбурӣ ба ватанаш истирдод шавад.


Хабаргузории Интерфакс менависад, ки ин зан ва фарзандашро ёрии таъҷилӣ ба касалхона интиқол дод. Ҳоло ӯ дар бемористон аст ва ҳанӯз маълум нест, ки мӯҳлати табобаташ кай анҷом ва худи ӯ истирдод мешавад ё хайр.


Додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Владивосток қарор кард, ки Улошева барои нақзи муқаррароти мамъурӣ маҷбуран аз кишвар хориҷ ва ҳам ба андозаи 3 ҳазор рубл ҷаримабандӣ шавад. Ба эҳтимоли зиёд, дар набудани ин хонум, додгоҳ бо ширкати намояндагони ҷамъияти ӯзбакҳои Владивосток идома хоҳад кард.


Тафтишот муайян кардааст, ки Улошева соли 2011 ба қаламрави Русия ворид шуда, баъди анҷоми мӯҳлати расмии буду бош дар ин кишвар, ба ватан барнагаштааст. Ӯро дар нақзи қонуни муҳоҷирати Русия айбдор мекунанд.
Ҳодисае, ки бо ин хонум дар оғози моҳи ноябр рӯй дод, баҳсҳои доғеро дар робита бо масъулияти табибон дар баробари беморон ва ихтилофи ин муқаррарот бо масъалаи муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба бор овард.


Дар он ҳодиса Шоира Улошева бо кӯмаки ёрии таъҷилӣ ва ходимони полис ба зоишгоҳи рақами 1-и шаҳри Владивосток оварда шуд, вале нахуст ӯро нагузоштанд ба зоишгоҳ ворид шуда зери назари табибон таваллуд кунад. Баъди баҳсу даъвоҳои зиёд, ниҳоят ӯро ба таваллудхона роҳ доданд ва ӯ фарзанди сеюми худ - писарчаеро ба дунё овард. Масъулини таваллудхона надоштани пул, суғуртаи тиббӣ ва бидуни санад будани ин муҳоҷирзанро баҳона оварда намехостанд, ӯро ба зоишгоҳ роҳ диҳанд.

Баъди як рӯзи нигоҳдорӣ дар зоишгоҳ, ин шаҳрванди Ӯзбакистон зоишгоҳро тарк кард, вале баъди як рӯз боздошт шуд. Мақомот бо баҳонаи надоштани санади иқомат дар Русия ӯро истирдод карданианд.


«Имрӯз кормандони мақомоти муҳоҷирати Русия шаҳрванди Узбакистонро, ки аз таваллудхонаи рақами 1 гурехта буд дастгир карданд. Тавре маълум шуд, вай ба ҳудуди Русия соли 2011 ворид шуда, бо анҷом ёфтани муҳлати будубош ба ватанаш барнагаштааст ва қонуни муҳоҷиратро вайрон кардааст», гуфтааст як корманди хадамоти муҳоҷират ба хабаргузории Интерфакс.

Бори охир ин шаҳрванди Узбакистон худро дар қайди Красноярск мондааст, вале баъдан бозпас гирифтааст.

Ин зан ғайр аз тифли чандрӯзаи худ боз ду кӯдаки ноболиғ дорад, ки эҳтимол меравад онҳоро ҳам дар Русия таввалуд карда бошад.


Баҳсе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва матбуоти русӣ бархост, асосан марбут ба масъулияти ахлоқии табибони рус дар баробари ин хонум буд. Онҳое, ки аз рафтори масъулини зоишгоҳ ҳимоят мекунанд, мегӯянд, ки ҳамасола садҳо ҳазор муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба онҳо муроҷиат мекунанд ва бидуни санад ва пул мехоҳанд фарзанд ба дунё оранд. Вале мунаққидон аз савганди Ҳиппократ ёдовар шуда, мақомоти зоишгоҳ ва Вазорати беҳдошти Русияро дар он гунаҳгор мекунанд, ки хунсардона ва бидуни ҳеҷ эҳсоси гуноҳ гузоштанд, ки як зани бечора дар рӯи замин дар ҳавои сард таваллуд кунад.

Фаъолони ҳуқуқи башар ин кори масъулинро интиқод карда мегӯянд, ки чунин муносибати ғайриинсонӣ нисбати як муҳоҷири бесанад фардо метавонад нисбати шаҳрвандони худи ин кишвар ҳам татбиқ шавад, дар ҳоле, ки масъулияти табиб дар расондани кӯмаки ҳатмӣ ба бемор дар ҳама гуна шароит, ҳатто шароити ҷанг мебошад.
XS
SM
MD
LG