Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дафнпулӣ ба ҳамаи хонаводаҳои камбизоат


Дар пайи тағйиру иловаҳо ба "Қонун дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ" ҳамакнун ҳама гуна афроди камбизоат ҳаққи дарёфти дафнпулиро хоҳанд дошт.
Эмин Сангинов, муовини вазири меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 26-ноябр пас аз тавсиби тағйиру иловаҳо ба "Қонун дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ" дар сӯҳбат ба радиои "Озодӣ" гуфт, "ҳамакнун куллияи хонаводаҳои камбизоат имкони дарёфти дафнпулӣ аз сӯи ҳукуматро хоҳанд дошт."

Ин ҳам дар ҳоле, ки то кунун дафнпулӣ танҳо ба хонаводаҳои камбизоате, ки суғурта ё бимаи иҷтимоӣ доштанд, дода мешуд. То кунун маблағи дафнпулӣ маблағи 800 сомониро ташкил медиҳад. Дафнпулӣ ба ҳангоми даргузашти аъзоҳои хонавода ва дар рӯзи маросими дафн дода мешавад. Тибқи омори расмӣ дар соли 2013 беш аз ҳазор хонавода дар Тоҷикистон аз ин маблағ бархӯрдор шудааст. Зимнан, бар асоси омори расмӣ 38 дарсади ҷамъияти Тоҷикистон камбизоат мебошанд.
XS
SM
MD
LG