Пайвандҳои дастрасӣ

Парлумон ваколатҳои Ҷабборова ва Хидироваро бозмедорад


Парлумони Тоҷикистон дар рӯзномаи баррасии мавзуъҳои иҷлосияи имрӯз-- 26-уми ноябр масъалаи пеш аз муҳлат боздоштани ваколати ду вакили худро дар миён гузоштааст. Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси Намояндагон рӯзи 26 ноябр ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки дар рӯзномаи иҷлосияи имрӯз масъалаи пеш аз мӯҳлат боздоштани ваколати ду депутати палатаи поёнӣ ба баррасӣ гузошта шудааст. Марҳабо Ҷабборова, раиси Кумитаи маориф ва илми МН, ки аз тарафи президенти Тоҷикистон ба вазифаи муовини нахуствазир таъин карда шуд ва муовини вай Мағфират Хидирова, ки ба симати раиси Кумитаи кор бо занон мансуб шудааст, ваколатҳояшон пеш аз муҳлат боздошта мешавад. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҳавзаҳои интихоботие, ки Марҳаббо Ҷаборова ва Мағфират Хидирова депутат интихоб шудаанд, минтихоботҳои миёндаврӣ баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG