Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ даври дуввуми музокироти сулҳи Сурияро эълон кард


Бан Ки Мун
Бан Ки Мун
Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ мегӯяд, даври дуввуми музокироти сулҳи Сурия 22 январ дар Женев баргузор мешавад. Бан Ки Мун афзуд, бори аввал ҷонибҳо на дар майдони муҳориба, балки дар сари мизи музокира бо ҳам мулоқот мекунанд.

Вай нагуфт, ки дар ин музокирот кӣ ва чӣ кишварҳо ширкат хоҳанд ҷуст. Масалан, Русия пофишорӣ дорад, ки Эрон низ дар ин музокирот бояд ширкат кунад. Вале Амрико ва баъзе кишварҳои ғарбӣ ба ин пешниҳод розӣ нестанд. Эътилофи миллии Сурия, ки мухолифи давлат аст, мегӯяд, танҳо дар сурате ба музокирот хоҳад омад, ки агар Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия аз мақом истеъфо диҳад. Вале ҳукумати Сурия ин пешниҳодро ғайримумкин медонад.
XS
SM
MD
LG