Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садҳо муҳоҷирро дар Маскав дастгир кардаанд


Маъмурони пулиси шаҳри Маскав бо амалиёте дар як бозори ноҳияи Люблино 700 нафар ва аксаран муҳоҷирони кориро дастгир кардаанд. Бино ба гузоришҳо, кормандони пулис фурӯшгоҳро муҳосира карда ва ба таҳқиқи санадҳои мардуми дохили фурӯшгоҳ пардохтаанд. Баъзе аз ҷавонон хостаанд, аз болои деворҳои бозор гузашта фирор кунанд, аммо ба дасти маъмурони пулис афтодаанд. Пулиси Маскав ҳафтаи гузашта рӯзи 20 ноябр ҳам дар бозори мазкур амалиёт анҷом дод ва бештар аз 1000 нафарро барои бозпурсӣ ба раёсати умури дохилӣ бурд.
XS
SM
MD
LG