Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти мураббӣ ва олими тоҷик дар Русия


Илҳом Бобоев, собиқ мудири бахши варзиши Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд, дар синни 55-солагӣ дар шаҳри Краснодар оламро падруд гуфт.

Илҳом Бобоев соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Вай барои хидматҳои арзандааш ҷиҳати рушди варзиш ба унвони фахрии “Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон” сарфароз шудааст. Ӯ дар риштаи дзюдо ҳамчун варзишгар меъёри “Номзад ба устоди варзиши СССР”-ро ба ҷо оварда буд. Вай дар соҳаи илм низ корҳои зиёдеро ба субут расонда, ба унвони “Номзади илмҳои таърих” мушарраф шудааст.

Илҳом Бобоев шаш соли ахир дар шаҳри Краснодари Русия ба сар мебурд. Вай мураббии дзюдо буд.Ҷасади ӯ рӯзи ҷумъаи 22-юми ноябр дар яке аз қабристонҳои Краснодар ба хок супурда шуд.
XS
SM
MD
LG