Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садамаи марговар бо иштироки писари Тағоймуродов


Аз Раёсаи бозрасии давлатии автомобилӣ ба Озодӣ иттилоъ доданд, ки дар пайи садмаи нақлиётии рӯзи 23-юми ноябр дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат ду нафар ба ҳалокат расидааст.

Қудратулло Шоев, сухангӯи БДА-и кишвар рӯзи 25-уми ноябр ба Озодӣ гуфт, ки ин садама соати 18:00, 23-юми ноябр дар 35-километрии роҳи Душанбе-Кӯлоб дар ҳудуди деҳаи Элок рух додаст, ки ронандаи автомобили «Тайёта Ландкурузер» Бахтиёр Тағоймуродов – писари Алимурод Тағоймуродов, директори генералии корхонаи «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба мошини тамғаи "Мерседес-Бенс", таҳти идораи ронанда Максим Зохови 27-сола бархӯрдааст.

Дар натиҷаи ин садама мошини Мерседес ба самти муқобили ҳаракти роҳ баромада, ба мошини «Опел Астра» бархӯрд. Ба гуфти ҷаноби Қудратов, ду мусофири мошини "Опел Астра" ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG